Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Истиқбол аз Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул”

Истиқбол аз Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул”

Имрӯз дар шаҳри Душанбе нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё — Раванди Истамбул” зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” баргузор гардида истодааст. Вобаста ба ин, рӯзи 30-юми март дар ДДМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон – «Қалби Осиё – Раванди Истамбул» баргузор гардид. 
бдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ ва Камолиддин Шарипов, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ зимни суханронӣ дар мизи гирд гуфтанд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё — Раванди Истамбул” зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” баргузор шуда истодааст. Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Покистон, Қатар, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Россия, 16 кишвари мададрасон, роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ ширкат доранд. 
Фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводи мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст. 
Ёдовар бояд шуд, ки “Қалби Осиё — Раванди Истамбул” ҳанӯз соли 2011 ба ин ҷониб фаъолият мекунад.