Хабарҳо
Робитаи нави ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Украина
Рӯзи 31-уми март дар доираи сафари ҳайати омӯзгорони Ҷумҳурии Украина, таҳти роҳбарии вазири маорифи ин ҷумҳурӣ Сергей Шкарлет ба Тоҷикистон, вохӯрии ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода бо раёсати ду муассисаи таҳсилоти олии касбии Украина - Институти политехникии Харкови Донишгоҳи миллии техникӣ ва Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технология баргузор гардид.
Зимни мулоқот роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф ва илм ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон, роҳбарияти Институти политехникии Харкови Донишгоҳи миллии техникӣ профессор Евгений Сокол ва Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технология профессор Андрей Шайкан иброз доштанд, ки ҳадаф аз ташриф ба ДДМИТ, пеш аз ҳама, бастани шартномаи ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ-техникӣ, таълимӣ-методӣ ва фарҳангӣ, инчунин шиносоӣ бо базаи илмию техникии ин муассиса мебошанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи илм ва маориф шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ёдовар бояд шуд, ки яке аз ҳадафҳои сафари ҳайати ректорону намояндагони зиёда аз 80 муассисаи таҳсилоти олии касбии минтақаҳои гуногуни Украина баргузории ҳамоиши маърифатии «Stady in Ukraina!» - «Дар Украина мехонем!» мебошад.