Хабарҳо
Курси “Фаъолияти аудиторӣ” дар МТИ ҷамъбаст гардид
Бо мақсади таҳкиму такмили дониш ва малакаи тахассусии касбии аудиторон ва ҷиҳати гузаштан аз аттестатсияи тахассусии аудиторӣ дар соли 2021 аз моҳи январ то моҳи март дар муддати 60 соати таълимӣ курси “Фаъолияти аудиторӣ” дар Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ин муддат аз ҷониби кормандони ширкатҳои аудитории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони воқеӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳо оид ба гирифтани аттестати тахассусӣ ворид гардиданд, ки мақсади он танзими муносибатҳо дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, гузаронидани аудити ҳарсола оид ба вазъи молиявии субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад.
Таҳти роҳбарии раиси комиссия К.Гулмуродзода курси омӯзишӣ аз санаи 26 феврал то 26 марти соли 2021 гузаронида шуд.
Ба ҳайати комиссия имтиҳонӣ Умаров М.Б. – муовини раиси комиссия, Одиназода М.Г., Файзуллоев Қ., Талбакзода С. ҳамчун аъзои комиссияи аттестатсионӣ шомил буданд.
Рӯзи 30 март дар маркази тестии ДДМИТ 48 нафар довталаб имтиҳон супориданд, ки аз ин шумора 32 нафарашон аз имтиҳон гузашта, соҳиби аттестати тахассусӣ гаштанд.
Ҳусейн Носирзода, сармутахассиси МТИ