Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омили рушди иқтисоди рақамӣ

Омили рушди иқтисоди рақамӣ

Рӯзи 31-уми март ҷаласаи навбатии Шӯрои илмии магистрантони ДДМИТ таҳти унвони «Иқтисодчиёни муосир» баргузор гардид. Зимни ҷаласа сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи омадакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Д. Саидзода ва раиси Шӯро Валишер Тоҳиров суханронӣ намуданд. 
Сипас, магистранти курси 1-уми ихтисоси молия Давлаталӣ Қурбонзода дар мавзӯи «Технологияҳои рақамӣ ҳамчун омили рушди иқтисоди рақамӣ» баромад намуд. Маърӯзачӣ зикр кард, ки технологияҳои рақамӣ асосан дар электроникаи компютерии рақамӣ, пеш аз ҳама, компютерҳо, дар соҳаҳои мухталифи электротехника, ба монанди мошинҳои бозӣ, робототехника, автоматика, асбобҳои ченкунӣ, дастгоҳҳои радио ва телекоммуникатсия ва дигар дастгоҳҳои рақамӣ истифода мешаванд. 
Зимни музокира Ғ. Ғафуров, Ё. Тилабов, Р. Саидов ва У. Воҳидов вобаста ба раванди баргузории маҳфили «Иқтисодчиёни муосир» ва мавзӯъҳои баррасишаванда ибрози андеша намуданд.