Хабарҳо
Хизмат ба Ватан нишони ҷавонмардист
Рӯзи 1-уми апрели соли равон ҷиҳати шарҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” дар ДДМИТ бо хатмкунандагони зинаи бакалавр ва магистратура вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот Рустам Шоҳмурод, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳим Мирзозода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Зарина Файзуллозода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино оид ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзу нигаҳдории марзу буми кишвар суханронӣ намуданд.
Дар оғоз ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода иброз дошт, ки ҳифзи Ватан ба хотири эҳтироми хотира, меҳнату фаъолияти наслҳои гузашта, фарҳанги аҷдодӣ ва мероси таърихӣ, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он зарур аст. Манфиат, истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо Ватан, ватандорӣ ва ватаншиносӣ алоқаманданд, аз ин рӯ, таҳкими амнияти давлат вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад.
Рустам Шоҳмурод ҳангоми баромад оид ба паҳлӯҳои нави даъват ва талаботҳои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ тибқи тағйироти қонунгузорӣ маълумоти муфассал дод.
Ҳамчунин И.Мирзозода дар рафти мулоқот аз муқаддас будани Ватан ва ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ ёдовар шуда, бо тазаккури зарурати дифоъ аз марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шарафу номуси миллат ба ҷавонон дар адои хизмати аскарӣ сабру таҳаммул, шуҷоату далерӣ, бурдбориву сарбаландӣ ва музаффарияти беназир таманно намуд.
Дар анҷом вобаста ба баъзе тағйироти нави қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” суолу ҷавоб байни донишҷӯёну магистрантон ва вакили мардумӣ сурат гирифт.
Раҳимзода Н.