Хабарҳо
Корҳои ободонӣ ба истиқболи Истиқлол
Дар донишгоҳ пайваста корҳои ободонию кабудизоркунӣ ба роҳ монда мешавад. Имсол низ ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон корҳои ободонию кабудизоркунӣ вусъати тоза пайдо намуда, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе миёни ду факулта ва кормандони раёсати маъмурию хоҷагидорӣ шанбегӣ мегузаронанд. Дар шанбегиҳо гирду атрофи донишгоҳ тоза ва саҳни он бо гулҳои лолаю садбарг оро дода мешавад.
Тавре сардори раёсати маъмурию хоҷагидорӣ Мирзошариф Мирзоолимов иттилоъ дод, айни замон дар саҳни таълимгоҳ 22 ҳазор гули лола, ҳазор дона гули садбарг ва 34 дона арча шинонда шудааст. Барои моҳи май раёсати маъмурию хоҷагидорӣ нақша дорад, ки ҷойи гули лолаю садбаргро бо гулҳои мавсимӣ иваз намояд.
Инчунин, тибқи нақша соли хониши 2021-2022 панҷараҳои гирду атрофи хобгоҳи №1 иваз, бинои ин хобгоҳ пурра таъмир ва биноҳои таълимӣ аз таъмири ороишӣ бароварда мешаванд.
Ёдовар бояд шуд, ки ДДМИТ дорои 4 бинои таълимӣ мебошад, ки сол то сол теъдоди довталабони дохилию хориҷӣ барои таҳсил дар ин муассисаи бонуфузи кишвар меафзояд. Вобаста ба ин, роҳбарият тасмим гирифтааст, ки барои васеъ намудани ҷойи нишаст ва шароити хуби таълим бинои нави чорошёна бо таҳхона бунёд намояд. Хишти аввали ин биноро 27-уми августи соли 2020 ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода гузошт ва сохтмони онро ширкати сохтмонии «Дилшод Company» ба уҳда дорад.
Бибиноз Муродалиева, муҳаррири шуъбаи табъу нашри ДДМИТ