Хабарҳо
Татбиқи барномаҳои амалии компютерӣ дар истеҳсолот
Зери ин унвон санаи 30-уми март бо ибтикори факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ ҷаласаи зермаҳфили “Зеҳн” бо иштироки намояндаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳ. Машрабзода ва дигар устодону мудирони кафедраҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Нахуст ҷаласаро муовини декан оид илм ва инноватсияи факултет, н.и.и., Умар Воҳидов ифтитоҳ намуд. Мавсуф пас аз муаррифии меҳмон ва эълони мавзӯи зермаҳфили навбатии факултет суханро ба намояндаи раёсати илм ва инноватсия Х. Юнусзода дод.
Номбурда дар баромади худ зикр кард, ки истифодаи барномаҳои амалии компютерӣ дар солҳои охир самти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро муайян намуда, аллакай, ба тағйироти куллӣ дар ҳаёти одамон овардааст. Барномаи амалии компютерии LaTeX барои таҳияи маводҳои таълимии фанҳои дақиқ бахшида шудааст. Бо мақсади беҳтар гардидани сифати таълими сикли фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ истифода ва татбиқи барномаҳои амалии компютерӣ вобаста ба фанҳои алоҳида саривақтӣ мебошад.
Сипас, н.и.ф.м. устоди кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт О. Фарайдунов дар мавзӯи матраҳгардида «Татбиқи барномаҳои амалии компютерӣ дар истеҳсолот» баромад намуд.
Дар баромад гуфта шуд, ки дар соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ аз барномаҳои амалии компютерии мухталиф ба таври васеъ истифода менамоянд, ки шумораи онҳо мутаносибан хеле зиёд мебошад. LATEX системаи нашри мизи корӣ буда, мақсади истифодаи он иборат аз омода намудани матни математикии як саҳифа то эҷоди томҳои бисёрҳаҷмӣ мебошад.
Дар фарҷом доир ба мавзӯъҳои баррасигардида аз ҷониби иштирокчиён саволҳо пешниҳод гардид, ки рафти маҳфилро боз ҳам ҷолибтар намуд. Зермаҳфили “Зеҳн” бо баҳсу музокираҳо ба анҷом расид.
И. Неъматов, роҳбари зермаҳфили «Зеҳн»