Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши аудит дар рушди низоми бонкӣ

Нақши аудит дар рушди низоми бонкӣ

Тибқи нақшаи кории зермаҳфили “Зеҳн”-и факултети ҳисобдорӣ ва омор санаи 3 апрел бо ташаббуси кафедраи аудит ва ревизия бо ҷалби мутахассисони соҳа, ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯён зермаҳфили “Зеҳн” дар мавзӯи «Нақши аудит дар рушди низоми бонкӣ» баргузор гардид. 
Нахуст маҳфилро декани факултет н.и.и., дотсент Б. Ҷурахонзода ифтитоҳ намуда, ташкил ва баргузории чунин маҳфилҳои илмиро ба манфиати муҳассилин ва устодону кормандони факултет ҳисобид. Инчунин, қайд карда шуд, ки дар шароити кунунии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши аудити бонкӣ калидӣ арзёбӣ мегардад. 
Мудири кафедраи аудит ва ревизия н.и.и., дотсент Ё. Тилабов зикр кард, ки дар баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр шудааст, ки Бонки миллӣ ҳамчун бонки марказии кишвар ва ташкилотҳои қарзӣ барои ба низоми бонкӣ ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ бо роҳандозии технологияҳои молиявию инноватсионӣ васеъ намудани хизматрасониҳои бонкӣ ва дар ин замина, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор пурра ҷорӣ кардани амалиёти ғайринақдӣ, аз ҷумла ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд. 
Баъдан сухан ба баромадкунанда Меҳровари Саид дода шуд. Номбурда перомуни хусусиятҳои аудити низоми бонкӣ ва нақши он дар пешрафт ва рушди бозори хизматрасониҳои аудиторӣ назаррас ҳисобид. 
Зикр карда шуд, ки агар ташкилоти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит дар ташкилоти қарзӣ соҳиби манфиати иқтисодӣ гардад, пас хизматрасонии аудитории вай қатъ гардида, ташкилоти қарзӣ ташкилоти аудитории дигарро таъин мекунад. Ташкилоти аудиторӣ ба ташкилоти қарзӣ хизматрасониҳоеро, ки бо вазифаҳои назорати дохилии ташкилоти қарзӣ алоқаманданд, пешниҳод намекунад, ба истиснои хизматрасониҳои таълимие, ки дорои хусусияти доимӣ намебошанд. 
Дар музокира устодон: Ё. Тилабов, П. Орзуев, Р. Саидов, ва М. Саидаҳмадов перомуни масъалаи муҳокимашаванда ибрози назар намуданд. 


Р. Саидов, муовини декани факултети ҳисобдорӣ ва омор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ