Хабарҳо
Масъалаҳои гендерии муосир
Рӯзи 3-юми апрел бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисодӣ семинари илмӣ-тарбиявии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои гендерии муосир» баргузор гардид. Дар сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба тарбия Б.Қодирова дар мавзӯи “Сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар тӯли солҳои истиқлол дар роҳи баробарии мардон ва занон ё дар соҳаи муносибатҳои гендерӣ ҷумҳурӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Табиист, ки баробарии гендерӣ барои рушди инсон муҳим аст. Дар тайи ин солҳо дар ҷумҳурӣ ба нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд. Президенти кишвар ба иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд доданд. Пешвои миллат, аз ҷумла, ба он эътибор зоҳир карданд, ки дар ҳама марҳилаҳои душвори таърихи Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлол занони мо нақши созанда доштанд.
Сипас профессор Ф.Насриддинов дар мавзӯи «Масъалаҳои гендерии муосир» баромад намуд. Номбурда гуфт, ки васеъгардонии фаъолияти занон, таъмини баробарии воқеии онҳо бо мардон шарти ҳатмии ба даст овардани амнияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тамоми ҷомеа мебошад. Афзоиши фаъолияти шаҳрвандии бонувон ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҳаёти давлат, ба раванди ҳалли мушкилоти гендерӣ дар Тоҷикистон таъсири назаррас ва аксар вақт ҳалкунанда дорад.
Бояд қайд кард, ки тадбирҳои муассир дар таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар, инчунин дар идоракунии давлат, таҳкими мақоми зан ва баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа, тарбияи онҳо нақши муҳим доштанд.
Дар анҷом музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.