Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мулоқоти судманд бо судяҳо

Мулоқоти судманд бо судяҳо

Рӯзи 3-юми апрел вохӯрии ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо судяҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба омӯзишу шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор қонуну санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқие, ки айни ҳол масоили мухталиф ва мубрами муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медароранд, баргузор гардид. 
Дар мулоқот муовини якуми раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Одиназода М.Ҷ., судяҳои суди мазкур Сафозода А.Г., Мустафозода Ш., Ғулом Б. ва мушовири суд Кенҷазода О.Ҳ. иштирок намуда, вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми январи соли 2021, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, қонунгузории оилавӣ ва пешгирии вайроншавии оилаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (аз ҷумла дар ҳолати мастӣ), ҷиноятҳо вобаста ба терроризму экстремизм, киберҷиноятҳо, савдои одамон, зӯроварӣ дар оила, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба сохтмонҳои худсарона, нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва иҷроиши дастуру супоришоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд. 
Гуфта шуд, ки ҳоло тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба масъалаҳои таъмини қонуният ва адолати судӣ, тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, роҳ надодан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва бартарафсозии баъзе камбудиҳои дар фаъолияти мақомоти судӣ ҷойдошта эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.