Хабарҳо
Курси омӯзишӣ баҳри баланд бардоштани савияи касбӣ
Ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон лоиҳаи барномаи грантии «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» амалӣ гардида истодааст. Дар доираи ин лоиҳа аз 5-ум то 9-уми апрел дар донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии баланд бардоштани савияи касбӣ баргузор гардида истодааст.
Дар курси омӯзишӣ дотсентон М.Садриддинов ва С.Маъдиев дар мавзӯи «Усулҳои навиштани таҳқиқотҳои илмӣ ва баландбардории интишороти илмӣ» ва дотсент У.Воҳидов дар мавзӯи «Усулҳои таҳияи моделҳои иқтисодӣ-математикии таҳқиқоти илмӣ» ба иштирокчиён дарс мегӯянд. Зимни курс устодони соҳа оид ба асосҳои таҳқиқотҳои илмӣ, марҳилаҳои таҳқиқ, самти илмӣ ва муаммоҳои илмии соҳавӣ маълумот медиҳанд. Ҳамзамон, мутахассисон ба шунавандагони курс аз нозукиҳои усули нигориши диссертатсия ва автореферат, ҷойгиркунии композитсионӣ, забон ва усули таҳияи диссертатсия дарс мегӯянд.