Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сайри гули лола дар ДДМИТ

Сайри гули лола дар ДДМИТ

Дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» рӯзи 6-уми апрел дар ДДМИТ озмуни сайри гулҳо баргузор гардид. Зимни баргузории озмун дар донишгоҳ ҳайати ҳакамон аз гулҳои лолаю садбарги саҳни муассиса ва ҳунарнамоии фарҳангии донишҷӯёни факултаҳо дидан намуданд. Донишҷӯёни ҳар шаш факултет бо омодагии ҷиддӣ дар ин озмун иштирок карданд ва бо шеърхониву байтбарак ва ороиши махсуси саҳнавӣ ба озмун шукуҳи дигар бахшиданд. 
Гуфтан ба маврид аст, ки айни замон саҳни донишгоҳ ба гулистон мубаддал гардидааст ва ҳар бинандаро ба ваҷд меорад ва барои меҳнати пурсамар ва хониши фаъол раҳнамун месозад. 
Феълан дар саҳни таълимгоҳ 22 ҳазор гули лола, ҳазор дона гули садбарг ва 34 дона арча шинонда шудааст. Ҳадаф аз баргузории озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. 
«Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg