Хабарҳо
Конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ: Рушди инноватсионӣ ва рақамикунонӣ
Рӯзи 8-ум апрел дар ДДМИТ бо ташаббуси кафедраи менеҷмент дар ҳамбастагӣ бо раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар мавзӯи «Рушди инноватсионӣ ва рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммо ва дурнамо» конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Нахуст муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Фирӯз Қодиров иброз дошт, ки конференсияи мазкур дар доираи Лоиҳаи байналмилалии ERASMUS+ K2 “DigEco” дар ҳайтаи консорсиуми байналмилалӣ бо маблағгузории Барномаи Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+ барои рушди иқтидор дар соҳаи таҳсилоти олӣ дар доираи лоиҳаи “Рақамикунонии иқтисодиёт ҳамчун унсури рушди устувори Украина ва Тоҷикистон / DigEco 618270-EPP-1-2020-1-LT-EPPKA2-CBHE-JP” (DigEco) сурат гирифт. Ҳадафи асосии лоиҳа роҳандозии иқтисодиёти рақамӣ дар раванди таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи амалияи таҳсилоти байналмилалии 4.0 барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Украина ва Ҷумҳури Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин конференсияи мазкур ба озмуни «Илм - чароғи маърифат» бахшида шуда, ҳадафи аслии баргузории он муаррифии натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии магистрон ва бархурдор шудан аз донишҳои наву замонавӣ аст.
Масъалаи рақамикунонии иқтисодиёт ва рушди инноватсионӣ мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Тибқи супориши Роҳбари давлат, ки дар Паёми навбатиашон ироа гардид, минбаъд бо мақсади тақвият бахшидани ин самтҳо Агентии инноватсия ва технологияи рақамӣ таъсис дода мешавад.
Дар идома мудири кафедраи идоракунии рушди захираҳои инсонии ДМТ, д.и.и., профессор Таваралӣ Ғаниев дар мавзӯи «Болоравии талаботи таълимоти бефосилаи касбӣ-электронӣ ва ташаккули муҳити эҷодӣ-инноватсионӣ дар бозори меҳнат» маърӯза намуд. Номбурда зикр кард, ки имрӯзҳо масоили таълимоти бефосилаи касбӣ-электронӣ дар тамоми ҷаҳон ҳамчун системаи пурраи таълимии зарурии рушди ҷомеаи инсонӣ ва ҳар як фарди соҳибҳунари касбӣ шинохта шуда, имрӯзҳо дар зинаи 5-6-уми рушди худ амалӣ шуда истодааст, ки аслан равишҳои зерини системаи таълимотиро фаро мегирад:
1. Таълимот тамоми давраи зиндагонии инсонро фарогир буда, ҳамчун унсури асосии таъмини якумраи ҷараёни рушди босуботи инсонӣ шинохта шудааст.
2. Таълимоти бефосилаи касбӣ аз оила шурӯъ гардида, то ба ҷомеаи инсонии ҷаҳонӣ расида, ба худ талаботи зинавӣ ва пайдарпайи ҳаётии давравиро мегирад.
3. Модели таълимоти бефосилаи касбӣ система, шаклу мазмуни гуногуни методиву методологии омӯзишиву донишазхудкунӣ дошта, равиши ташаккулёбӣ ва афзояндагии зеҳнии инсонро дар тамоми умрашон таъмин бояд созад.
4. Таълимоти бефосилаи касбӣ имконоти бевоситаи амалисозии қобилияти зеҳнӣ ва тавонмандии касбиву ҳунарии одамонро таъмин сохта, барои таъмини судоварии баланди уҳдадориҳои касбиву ҳунарӣ асос мегузорад.
5. Ҳамчун механизми асосии ташкил ва идоракунии рушди устувори тамоми системаи маорифи ҷомеаи инсонӣ дар ҷаҳони муосир мебошад.
Мутахассиси пешбари Раёсати буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анушервон Амонзода дар мавзӯи «Истифодаи методҳои инноватсионӣ дар раванди таҳияи буҷети давлатӣ» баромад намуд. Ин масъули Вазорати молия масоили мавриди назарро бо намоишу нақшаҳо ба таври мушаххас фаҳмонид. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки гурӯҳбандии идоравӣ аз се сатҳи тобеият: тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ; тақсимкунандаи маблағҳои буҷетӣ; гирандаи маблағҳои буҷетӣ иборат мебошад.
Дар идома магистранти бахши 1-уми ихтисоси менеҷменти ДДМИТ Шафақ Аминов мавзӯи «Муаммоҳои татбиқи инноватсияҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он» бо факту далелҳои илмӣ ва муқоисаҳо ба ҳозирин фаҳмонид. Дар охири ҷаласаи ифтитоҳӣ музокира ва суолу ҷавобҳо сурат гирифта, дар нимаи дуюми рӯз конференсия дар бахшҳо идома ёфт.