Хабарҳо
«Кадбонуи беҳтарин» дар ДДМИТ
Рӯзи 9-уми апрел бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби донишҷӯдухтарон ба эҳёи таомҳои милливу маҳаллӣ ва ривоҷи пухтупази хӯрокҳои миллӣ, омода намудани ҷавондӯхтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархондорӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ даври аввали озмуни «Кадбонуи беҳтарин» миёни донишҷӯдухтарон - истиқоматкунандагони хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳайати ҳакамонро Б. Қодирова - муовини ректор оид ба тарбия, Т. Умаралиева - мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба занону донишҷӯдухтарон, Е. Мирзоева - сардори раёсати илм ва инноватсия ва Г. Латипова - устоди кафедраи фаъолияти бонкӣ иштирок ва ғолибони озмунро аз рӯи меъёрҳои зерин муайян намуданд: 1. Ороиши дастархон ва доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳои болои миз, 2. Омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ, (пешин) ва шом, 3. Пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таом, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, 4. Маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, 5. Маҳорату малакаи омода намудани хӯришҳо, намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ.
Ҳайати ҳакамон ғолибони озмунро аз рӯи тартиби болозикр муайян намуда, ба онҳо ва фаъолони озмун Сипосномаҳо тақдим намуданд.
Хотирасон менамоем, ки ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» рӯзи 10-уми апрел дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе муайян мегарданд.