Хабарҳо
Ҷамъбасти курси омӯзишии лоиҳа
Рӯзи 9-уми апрел курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии баланд бардоштани савияи касбӣ ҷамъбаст гардид. Курсҳо дар доираи лоиҳаи барномаи грантии «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» аз 5-ум то 9-уми апрел дар донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии баланд бардоштани савияи касбӣ баргузор гардид. Дар курси омӯзишӣ ба 45 нафар муҳаққиқону унвонҷӯёни ҷавони ду муассиса - Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Данғара дотсентон М. Садриддинов ва С. Маъдиев дар мавзӯи «Усулҳои навиштани таҳқиқотҳои илмӣ ва баландбардории интишороти илмӣ» ва дотсент У. Воҳидов дар мавзӯи «Усулҳои таҳияи моделҳои иқтисодӣ-математикии таҳқиқоти илмӣ» ба иштирокчиён дарс гуфтанд.
Зимни курс устодони соҳа оид ба асосҳои таҳқиқотҳои илмӣ, марҳилаҳои таҳқиқ, самти илмӣ ва муаммоҳои илмии соҳавӣ ва аз нозукиҳои усули нигориши диссертатсия ва автореферат, ҷойгиркунии композитсионӣ, забон ва усули таҳияи диссертатсия дарс гуфтанд.
Дар анҷом ба шунавандагони курс Шаҳодатнома супорида шуд.