Хабарҳо
Ҳафтаи илм оғоз гардид
Рӯзи 12 апрели соли равон дар ДДМИТ «Ҳафтаи илми тоҷик» бо баргузории конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрҳою донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019-2021) оғоз гардид.
Бахши ифтитоҳии конференсияро ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода кушода, қайд намуд, ки ҳамасола дар таълимгоҳ «Ҳафтаи илм» бо баргузории конференсияи илмию амалӣ, ки натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотиро бозгӯ мекунад, таҷлил мегардад. Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ илми тоҷик рушд кард ва натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар амалия татбиқ шуда, барои рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамоянд. Конференсия то 17 март идома меёбад ва дар он мақолаҳои беҳтарин пешниҳод гардидаанд ва боиси дастгирист, ки маҷмӯаи конфронс қаблан нашр гардидааст.
Сипас Шариф Раҳимзода, д.и.и., профессори кафедраи фаъолияти бонкии донишгоҳ дар мавзӯи «Таъсири ҷаҳонишавӣ ба рушди иқтисодиёт ва низоми бонкӣ» маърӯза намуд. Профессор дар баромади худ доир ба ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии ҷаҳонишавӣ маълумот дода, дар умум таъсири мусбии онро бештар хонд. Ҳамзамон, аз ҷиҳатҳои манфии ҷаҳонишавӣ ва паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус ёдовар шуда, ба иқтисодиёти мамлакатҳои ҷаҳон ва аз он ҷумла Тоҷикистон таъсири манфӣ расонидани онро таъкид дошт.
Ш.Раҳимзода барои ҳалли ин масъалаҳо роҳандозии тадбирҳои алоҳидаро пешниҳод намуд, аз қабили зиёд кардани шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ҷамъи умумии субъектҳои хоҷагидорӣ, роҳ надодан ба муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва бонкҳо, додани гарави фаъолияти муназзами низоми бонкӣ, роҳандозии механизми ҳавасмандгардонии ҷалби пасандозҳо бо истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, истифодаи таваррум то сатҳи муайян барои рушди иқтисодиёт. Дар баробари ин, мавсуф барои рушди иқтисодиёт роҳандозии дастгирии субъектҳои хоҷагидорӣ бо пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат, пешбурди сиёсати сабуки миқдорӣ, кам кардани меъёри бозтамвил, суръатбахшии рақамикунонии иқтисодиёт ва идомаи саноатикунонии босуръати мамлакатро муҳим дониста, дар сурати иҷрои тадбирҳои мазкур таъмини рушди иқтисодиётро кафолатнок арз намуд.
Мавсуф дар ҷараёни саноатикунонии босуръати мамлакат афзудани шумораи синфи миёнаи аҳолиро таъкид карда, онро таъминкунандаи рушд ва суботи мамлакат донист. Ҳамчунин, ӯ натиҷаҳои таҳлили иқтисодиро нишон дода, таъкид дошт, ки дар соли 2020 бо таъсири паҳншавии бемории КОВИД-19 ММД дар мамлакат ба ҳаҷми 4,5% ва таваррум бошад, 9,4 фоизро ташкил намуд ва инро бо нишондиҳандаҳои мамлакатҳои дигари хориҷӣ муқоиса карда, истифодаи усулҳои мамлакатҳои нигоҳдорандаи суботи иқтисодиро маъқул донист.
Дар идома Шермамад Ҷонмамадов, д.и.и., профессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналхалқии ДДМИТ дар мавзӯи «Неформальная занятость Республики Таджикистан: причины и развитие» маърӯза намуд. Ӯ дар маърӯзаи худ дар бораи таърихи ташаккули шуғли ғайрирасмӣ, сабабҳои пайдоиши шуғли ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои ҳалли мушкилоти ин самт маълумот дода, қайд намуд, ки шуғли ғайрирасмӣ ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфӣ дорад. Ба бартариҳояш танзимкунандаи таъминоти иҷтимоӣ, дохилшавии содатар ба ин шуғл, соҳиби малака ва касб шудан ва ба камбудиҳояш бошад, насупоридани андоз, мавҷудияти рақобати носолим бо корхонаҳои расман фаъолияткунандаро шомил кард. Тавре мавсуф қайд намуд, имрӯз дар Тоҷикистон 249,5 ҳазор нафар бо шуғли ғайрирасмӣ машғул аст, ки дар умум 29,4%-ро ташкил медиҳад. Профессор барои расмикунии шуғли ғайрирасмӣ истифодаи таҷрибаи Федератсияи Россияро қобили қабул донист.
Пас аз маърӯзаҳо доир ба мавзӯъҳои баррасишуда профессор Кошонова М.Р. фикру андешаҳои хешро иброз дошта, маърӯзаҳоро идомадиҳандаи якдигар донист ва ба мазмуну мундариҷа ва баррасии масъалаҳо баҳои мусбӣ дод. Сипас саволу ҷавоб ва баҳсу музокираҳо сурат гирифтанд ва ба саволҳо баромадкунандагон ҷавобҳои қаноаткунанда доданд. Конфронс пас аз нисфирӯзӣ корашро дар бахшҳо идома дод. Кор дар 10 бахш сурат гирифт.
Машҳура Абдуллоева