Хабарҳо
Муаммоҳои хариду фурӯши коғазҳои қиматнок
Рӯзи 16 апрел зермаҳфили “Зеҳн”-и факултети молия ва қарз бо ташаббуси кафедраи фаъолияти биржавӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа ва ҳайати устодону донишҷӯён дар мавзӯи “Муаммоҳои муосири ташкил ва хариду фурӯши коғазҳои қиматнок дар биржаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Нахуст маҳфилро муаллими калони кафедраи фаъолияти биржавӣ Ф. Раҳимзода ифтитоҳ ва меҳмони маҳфилро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ташкил ва баргузории чунин маҳфилҳои илмиро ба манфиати муҳассилин ва устодони факултет ҳисобид.
Баъдан, мутахассиси ҶСК “Биржаи фондии Осиёи Марказӣ” Ш. Баҳромзода дар мавзӯи “Муаммоҳои муосири ташкил ва хариду фурӯши коғазҳои қиматнок дар биржаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд. Номбурда зикр кард, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ташкил кардани бозори хуби коғазҳои қиматноки давлатӣ ба рушди бозори коғазҳои қиматноки бахши хусусӣ ва баландгардонии сатҳи касбии савдо мусоидат мекунад. Инчунин, барои маблағгузорӣ ба активҳои бозоргир имконият фароҳам меоварад.
Гуфта шуд, ки биржаи фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотест, ки аз тарафи иштирокдорони касбии бозори коғазҳои қиматнок баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои гардиши коғазҳои қиматнок, муайян кардани нархи онҳо, ҳар сари чанд вақт ба хоҳишмандон расонидани маълумот оид ба нарху навои бозор, ҷонибдорӣ кардани дараҷаи баланди касбии иштироккунандагон ва ғайра созмон дода мешавад.
Дар фарҷом саволу ҷавоб ва баҳсу музокира сурат гирифт.
Бибиноз Муродалиева