Хабарҳо
Ҷамъбасти ҳафтаи илм дар донишгоҳ
Имрӯз, 17-уми апрел кори бахшҳои «Ҳафтаи илми тоҷик» дар ДДМИТ ҷамъбаст ва аз онҳо натиҷагирӣ карда шуд. Гуфта шуд, ки тайи як ҳафта дар 10 бахш - иқтисод, молия ва андоз, фаъолияти бонкӣ, бозори фондӣ ва суғурта, менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодию молиявӣ, муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва фаъолияти гумрук, моделсозии математекӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, баҳисобгирии муҳосибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ, фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, фанҳои гуманитарӣ, забонҳо ва варзиш ва мудофиаи гражданӣ профессорон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо мақолаҳо баромад намуданд.
Зимни ҷамъбасти конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрҳою донишҷӯён, ки ба он 311 мақола пешниҳод гардида буд, ҳисоботи раисони бахшҳо шунида шуд. Зикр гардид, ки устодон маърӯзаҳоеро пешниҳод карданд, ки дорои масъалаҳои мубрами рӯз буда, масоили муҳими илми муосир ва ҷанбаҳое аз корҳои илмии онҳоро инъикос мекард. Ҳамчунин, дар ҳар бахш мақола ва маърӯзачии беҳтарин муайян карда шуданд.
Дар фарҷом муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Ҳакимбек Абдуалимзода баромад намуда, фаъолияти конференсия ва натиҷаҳои онро мусбат арзёбӣ кард ва иштироки устодон ва дониҷӯёни донишгоҳро дар конференсия мусбат баҳогузорӣ кард. Ҳ. Абдуалимзода пешниҳод намуд, ки минбаъд ҳангоми баргузории конференсияҳои илмӣ диққати ҷиддӣ ба сифати корҳои илмӣ дода шавад.
Ёдовар бояд шуд, ки «Ҳафтаи илми тоҷик» бо баргузории конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрҳою донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019-2021) дар ДДМИТ 12 апрели соли равон оғоз гардида буд.