Хабарҳо

Мулоқоти муовини раиси Кумита бо донишҷӯён
Рӯзи 19 апрел мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода бо ҳайати устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ баргузор гардид.
Вохӯриро нахуст муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Ҳ.Абдуалимзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ДДМИТ ҳамеша барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар алоқа аст. Номбурда иброз дошт, ки донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Кумита дар баргузории чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ҳамеша саҳмгузор аст ва зиёда аз 70 нафар донишҷӯёни муассиса дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҳайси волонтёр фаъолият менамоянд.
Сипас муовини раиси Кумита Дилноза Аҳмадзода суханронӣ намуда, дар оғоз қайд намуд, ки мо, ҷавонон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорем. Бинобар ин, мо, ҷавононро мебояд, ки ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлатамон бирасем ва нагузорем, ки бадхоҳони ватани азизамон сулҳу суботи кишвари моро халалдор созанд. Аҳмадзода таъкид дошт, ки аз ҳама муҳим бояд ҳар як ҷавони ҳушёр зиракии сиёсиашро аз даст надиҳад.
Дар идома мавсуф илова дошт, ки имрӯз зиёда аз 3 млн. ҷавонони тоҷик аз синни 14 то 30 - сола дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси волонтёр кору фаъолият доранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ДДМИТ ва донишҷӯёни фаъол бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.