Хабарҳо
Маҳфили илмӣ-адабӣ дар хобгоҳи донишгоҳ
Санаи 16 апрели соли равон бо иштироки сардори раёсати илм ва инноватсия н.и.и., дотсент Е. Мирзоева, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А. Давлатзода ва дигар устодону кормандони садорати факултети ҳисобдорӣ ва омор дар хобгоҳи №1- и донишгоҳ маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Нахуст Е. Мирзоева маҳфилро ифтитоҳ карда, нақши Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргузор намудани маҳфилҳои илмӣ-адабӣ назаррас ҳисобид.
Баъдан декани факултет Б. Ҷурахонзода баромад карда, қайд намуд, ки ҳар яки моро зарур аст ба қадри оромӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон бирасем ва ба омӯзиши илмҳои иқтисодӣ, забонҳои хориҷӣ, барномаҳои компютерии соҳавӣ пардозем.
Сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ А. Давлатзода бошад, нақши ҷавононро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусбӣ арзёбӣ намуд. Дар суханронии худ қайд намуд, ки ҷавонон бояд зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ саҳмгузор бошанд.
Устоди кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омор П. Бобомуродов дар баромади худ дар такя ба суханрониҳои Пешвои миллат донишҷӯёнро таъкид намуд, то вақти худро самаранок истифода намоянд.
Сипас муовини декани факултети ҳисобдорӣ ва омор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент, Р. Саидов дар мавзӯи “Нақши кадрҳои соҳаи молиявӣ-иқтисодӣ дар рушди бозори хизматрасониҳои аудиторӣ” баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки рушди бозори хизматрасониҳои аудиториро бе кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисод тасаввур кардан ғайриимкон аст. Хусусан, дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт моро зарур аст, ки донишҳои нави молиявӣ-иқтисодӣ ва техникаҳои иттилоотӣ-рақамиро аз бар намуда, рушди бозори хизматрасониҳои аудиториро таъмин намоем.
Дар охири маърӯзаҳо саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар ин ҷараён донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, оид ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ аз устодон посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар фарҷом сардори раёсати илм ва инноватсия н.и.и., дотсент Е. Мирзоева ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А. Давлатзода ба садорати факултети ҳисобдорӣ ва омор баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди илмӣ-адабӣ миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки ин иқдоми наҷиб дар хобгоҳҳои донишгоҳ мунтазам амал хоҳад кард.
Р. Саидов, муовини декан оид ба илми факултети ҳисобдорӣ ва омор