Хабарҳо
Даври аввали озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар ДДМИТ
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав рӯзи 21-уми апрел дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид.
Дар кушодашавии озмун сардори раёсати илм ва инноватсия Е.Мирзоева оид ба аҳамияти илмӣ-маърифатии озмун суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки озмун аввал дар байни донишҷӯёни факултаҳои донишгоҳ гузаронида шуда, баъдан ғолибони даври аввал дар озмуни умумидонишгоҳӣ байни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯи ҳафт номинатсия: - математика (арифметика, алгебра, геометрия); - физика ва астрономия; - химия; - биология (ботаника, зоология, анатомия); - география; - технологияи иттилоотӣ; - ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни ҳам сабқат намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки даври якуми озмун аз 20-ум то 23-юми апрел дар сатҳи факултетҳо ва даври дуюм 24-уми апрел миёни ғолибони даври якум дар сатҳи донишгоҳ баргузор хоҳад гардид.