Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Global Money Week дар ДДМИТ

Global Money Week дар ДДМИТ

Бо мақсади васеъ кардани доираи маърифат ва ҷаҳонбинӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи пурмасъули молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ҳамасола иқдоми ҳафтаи байналмилалии молия – Global Money Week гузаронида мешавад. Вобаста ба ин иқдом, рӯзи 23 апрел бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз дар донишгоҳ семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. 
Дар оғоз Ҳакимбек Абдуалимзода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим гуфт, ки бо мақсади тақвият бахшидани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардуми кишвар, ҷиҳати васеъ намудани имконияти онҳо, поягузории ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ, бо иқдоми Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ дар ҷумҳурӣ ҳамасола ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ Global Money Week доир карда мешавад. 
Дар семинар мутахассиси идораи рушд ва тиҷорати чаканаи ҶСП «Коммерсбонк Тоҷикистон» Гулнора Шарипова дар мавзӯи «Неделя финансовой грамотности» ва сардори шуъбаи назорати операторон ва интиқоли маблағҳои бесуроғаи ҶСП ТАҲХ «Ҳумо» Сергей Сунцов дар мавзӯи «Истифодаи амалиётҳои бонкӣ дар ҶСП ТАҲХ «Ҳумо»» баромад намуданд. Маърӯзачиён оид ба мавзӯъҳои мухталифи соҳаи бонкдорӣ, пасандозҳои муҳлатнок, тарзи дурусти истифода намудани барномаҳои мобилӣ, анҷом додани пардохти ғайринақдӣ, пешниҳоди қарзҳо ва хизматрасониҳо тавассути кортҳои пардохтӣ ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. 
Дар баробари ин, аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ барои иштирокдорони ҳафтаи молиявӣ маводҳои гуногуни иттилоотӣ, аз қабили брошюраҳо ва шиорҳо бо нишон додани моҳият ва мафҳумҳои молиявӣ тақдим гардид. 
Ёдовар гардид, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати молиявии донишҷӯён ва аз худ кардани маълумоти зарурӣ оид ба хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳавӣ заминаи мусоид мегузорад.