Хабарҳо
Викторинаи “Аудит” ҷамъбаст гардид
Рӯзи 23 апрел бо ташаббуси кафедраи аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор даври ҷамъбастии викторинаи “Аудит” баргузор гардид. Сараввал мудири кафедра Ё.Тилабов оид ба раванди баргузорӣ ва наҷитагирӣ аз викторина маълумот ироа намуд. Сипас иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ аз ҳисоби донишҷӯёни факултаҳои донишгоҳ баромад намуданд.
Дар охир, декани факултет Б.Ҷурахонзода баромад намуда, қайд кард, ки баргузории чорабиниҳои илмӣ барои ҷалби бештари донишҷӯён ба илмомӯзӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ҳамчунин, бедор намудани майлу рағбати онҳо нисбат ба омӯзиши фанҳои таълимӣ мусоидат менамояд. Баъдан донишҷӯёни ғолиб аз ҷониби садорати факултет бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар викторина аз ҳамаи факултаҳо 24 нафар донишҷӯ иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст тибқи натиҷагирии ҳакамон ба 1-нафар ҷойи якум, ба 1-нафар ҷойи дуюм ва ба 2-нафар ҷойи сеюм дода шуд.
Анис Оев, раиси МИД-и кафедраи аудит ва ревизия