Хабарҳо
Озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар ДДМИТ
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ ба техникаву технологияҳо, вусъати ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав аз 21-ум то 26-уми апрел дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар даври донишгоҳии озмун ректор Шукрулло Хайрзода оид ба аҳамияти илмӣ-маърифатии озмун суханронӣ карда, гуфт, ки эълон намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» моро водор месозад, ки бештар ба илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сафи донишҷӯёни болаёқат ва олимони ҷавонро зиёд ва иштироки бештари толибилмону омӯзгоронро дар озмун таъмин намоем. Ҳамзамон Ш.Хайрзода ишора намуд, ки раёсати донишгоҳ ба рушди илму инноватсия аҳамияти махсус медиҳад ва барои донишомӯзиву рушди илм дар таълимгоҳ шароити муосид фароҳам оварда шудааст.
Дар идома донишҷӯёни ба даври донишгоҳии озмун роҳёфта ихтирооту лоиҳаҳои пешниҳоднамудаашонро назди ҳайати ҳакамон муаррифӣ намуданд. Аз ҷониби ҳайати ҳакамон 7 нафар донишҷӯи ғолиб ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифт.
Ёдовар бояд шуд, ки донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯи ҳафт номинатсия: - математика (арифметика, алгебра, геометрия); - физика ва астрономия; - химия; - биология (ботаника, зоология, анатомия); - география; - технологияи иттилоотӣ; - ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни ҳам сабқат намуданд.