Хабарҳо
Баррасии муаммоҳои рушди низоми бонкӣ
Таҳти ин унвон рӯзи 24-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкӣ ва назарияи иқтисодӣ семинари илмӣ-назариявии донишгоҳӣ баргузор гардид.
Дар семинар дотсент Шукрулло Хайрзода дар мавзӯи “Муаммоҳои назариявӣ-методологии рушди низоми бонкӣ дар шароити бесуботии молиявӣ” маърӯза намуда, вобаста ба ташаккулёбии низоми бонкӣ ва инфрасохтори он дар шароити иқтисодии давраи гузариш, асосҳои институтсионалии рушди низоми бонкӣ дар иқтисодиёти бозорӣ, «назарияи пайроҳа» ва истифодаи он дар низоми бонкии бозорҳои рушдёбанда ва хусусиятҳои рушди низомҳои бонкӣ дар шароити бесуботии молиявӣ ибрози андеша намуд.
Ш. Хайрзода зимни баромад гуфт, ки устувории низоми бонкӣ ва рушди босуботи иқтисоди миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои молиявию қарзӣ аз ҷиҳати диалектикӣ вобастагии мутақобилаи мустақиме бо афзалияти аввалӣ нисбат ба охирӣ доранд ва омилҳои беруна ба устувории иқтисоди миллӣ тавассути низоми бонкӣ ҳамчун асоси рушди бемайлону босубот ва беҳшавии некуаҳволии аҳолӣ, ки ба таъсири таконҳои беруна ва дохилӣ самаранок истодагарӣ мекунад, таъсир мерасонанд.
Дар робита бо зуҳуроти буҳронӣ дар низоми бонкии кишвар ишора шуд, ки таъсири паҳншавии таконҳои макроиқтисодӣ ба бонкҳо дар шакли афзоиши захираҳои талафоти имконпазир ва кам шудани даромаднокии дороиҳо амалӣ мешаванд.
Маърӯзачӣ ёдовар шуд, ки дар шароити бесуботии молиявӣ ба сифати яке аз роҳҳои имконпазири таъмини устувории низоми бонкӣ дар амалия ҷорӣ намудани принсипҳо, шаклҳо ва усулҳои алтернативии бонкдорӣ (бонкдории исломӣ) ба ҳисоб меравад. Инчунин, ба сифати унсури муҳимтарини системаи идоракунии зиддибуҳронии бонкҳо роҳҳои мукаммалгардонии низоми идоракунӣ, мониторинг ва ояндабинии хавфҳои бонкҳои ватанӣ шаклҳои сиёсати идоракунии хавфи бонкӣ пешниҳод гардид.
Мавсуф дар такя ба методология, назарияи рушди низоми бонкӣ ва проблемаҳои он, ки дар ин самт таҳқиқотҳои илмӣ анҷом додааст, назари хешро баён намуда, аз фаъолияти бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аҳди шӯравӣ, яъне то давраи истиқлол ва баъди он – фаъолияти кунунии онҳоро мавриди таҳлил қарор дод.
Дар идома профессори кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ Лутфулло Саидмуродов оид ба масоили методологии таъмини рушди устувори низоми бонкӣ дар шароити бесуботии молиявӣ сухан гуфта, масъалаҳои моделҳои назариявии рушди устувори низоми бонкӣ дар шароити иқтисодиёти муосири бозорӣ, таҳқиқи омилҳои беруна ва дохилии таъсиргузор ба рушди низоми бонкӣ дар шароити бесуботии молиявӣ ва таҷрибаи хориҷии арзёбии устувории бахши бонкӣ ва дурнамои истифодаи онро дар шароити Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дод.
Профессор Л. Саидмуродов иброз дошт, ки рушди устувори низоми бонкӣ дар шароити бесуботии молиявӣ имкон медиҳад заминаҳои назариявӣ ва методологӣ барои арзёбӣ ва мониторинги устувории низоми бонкӣ фароҳам оварда шуда, ташаккули системаи идоракунии зиддибуҳронии низоми бонкӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт тавассути афзоиши ҳаҷми сармоягузории қарзии бонкҳо ба рушди бахши воқеии иқтисоди миллӣ таъмин карда шавад. Ҳамзамон, меъёрҳои устувории низоми бонкӣ ва риояи онҳо имкон медиҳад, ки вазъи тавозуни устувор ва эътимоднокии он баҳо дода шавад.
Сипас дар музокира профессорон П. Хоҷаев, Р. Раҳматзода, Д. Қандиёрова, Ҳ. Фақеров, М. Кошонова, Б. Шарипов, дотсентон Муртазоев Н., Садриддинов М. иштирок намуда, вобаста ба таҳлили назариявӣ-методологии пайдоиш ва хусусиятҳои амалкарди бонкҳои исломӣ, самтҳои асосии тавсеаи татбиқи принсипҳои бонкдории исломӣ дар иқтисодиёти муосири Тоҷикистон, мутобиқшавии калидии фаъолияти низоми бонкӣ дар шароити бесуботии молиявӣ, низоми идоракунии зиддибуҳронии фаъолияти бонкӣ ва ташаккулёбии он дар Тоҷикистон, проблемаҳои таъмини сиёсати мутавозини бонкӣ дар самти сармоягузориҳо ва қарздиҳӣ ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки унсури муҳимтарини системаи идоракунии зиддибуҳронии бонкҳо мукаммалгардонии низоми идоракунӣ, мониторинг ва ояндабинии хавфҳои бонкҳои ватанӣ ба ҳисоб меравад, ки дар мисоли бонкҳои ватанӣ нишон дода шуд. Гуфта шуд, ки барои беҳсозии фаъолияти бонкҳо аз низоми бонкии кишварҳои пешрафта бояд истифода бурд.
Умуман, семинари илмӣ дар сатҳи баланд ва пурмазмун доир гардида, қисми ҷамъбастии он бо мубодилаи афкор ва саволу ҷавобҳои илман асоснок сурат гирифт.
Нуралӣ Раҳимзода