Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Заминаҳои рушди соҳибкории хурду миёна

Заминаҳои рушди соҳибкории хурду миёна

Рӯзи 26 апрел бо ибтикори кафедраи таҳлили иқтисодӣ мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташкилию иқтисодии рушди соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Онро муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки саҳми ДДМИТ дар самти ташкилу баргузории чорабиниҳои илмӣ ва дар ин замина татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноилгардӣ ба ҳадафҳои соҳаҳои иқтисодиёти кишвар назаррас мебошад. 
Сипас директори ҶДММ ТАҚХ-и «Васл» О.С. Тютин дар мавзӯи болозикр ва менеҷери амалиётҳои хазинадории ҳамин ташкилот Назриева Ҳабиба дар мавзӯи «Ҳолат, таҳлил ва роҳҳои баланд бардоштани саводнокии соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд. 
Маърӯзачиён перомуни асосҳои ташкилию иқтисодии рушди соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, нақши низоми устувори молиявиро фишанги асосии пешрафти фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар мамлакат арзёбӣ намуданд. Аз нигоҳи мутахассисон ҳиссаи соҳибкории хурду миёна дар пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад, вобаста ба ин, дастгирии молиявии субъектҳои мазкур ба воситаи пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ, қарзҳо бо меъёрҳои имтиёзнок ва содагардонии ҷараёни қарздиҳӣ метавонанд барои рушди фаъолияти онҳо мусоидаткунанда бошад. 
Ишора шуд, ки ҳолати кунунии саводнокии соҳибкорони хурду миёнаро дар кишвар то андозае қаноатбахш ҳисобидан мумкин аст. Аммо барои рушди минбаъдаи низоми молиявӣ сатҳи донишҳои субъектҳои мазкурро аз тариқи азхудкунии техника ва барномаҳои замонавии соҳа, забондонӣ, азхудкунии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунандаи сатҳи миллӣ ва сатҳи ҷаҳонии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд намудан имконпазир аст. Дар шароити имрӯза бояд фарҳанги молиявии аҳолӣ оид ба қарзгирӣ, пардохти қарз ва гузоштани депозитҳо ба муассисаҳои қарзӣ баланд бардошта шавад. Дар баробари ин, муассисаҳои қарзиро зарур аст, ки бо пешниҳоди хизматрасонии дастрас ба аҳолӣ, додани қарзҳои имтиёзнок ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои сифатнок боварии мардумро ба даст оранд. 
Дар қисмати ҷамъбастӣ музокира сурат гирифт, ки дар рафти он Б.Г. Сафаров, И.С. Фасеҳзода, М.И. Садриддинов ва К.Қ. Шодиев иштирок намуда, вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда ибрози андеша намуданд. 


Саидов Р.Н., муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети ҳисобдорӣ ва омор