Хабарҳо
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - дарёфти истеъдодҳо оғоз гардид
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имрӯз, 27 апрел дар ДДМИТ даври аввали озмун оғоз гардид. Дар маросими кушодашавии озмун Ҳ.Абдуалимзода, муовини якум, муовини ректор оид таълим иброз дошт, ки баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тайи ду соли охир исбот кард, ки он сарчашмаи бузурги маънавиёт ва тавоноии беандоза пурқудратест, ки идроку маънавиёти миллатро тақвият мебахшад. Зеро бо эълон гардидани озмун натанҳо таваҷҷуҳи аҳли илму адаб, мактаббачагон ва донишҷӯён ба мутолиа ва китоб бештар гардидааст, балки он такони ҷиддие барои ба китоб рӯ овардани қишрҳои дигари ҷомеа низ гардид.
Гуфта шуд, ки озмун дар ду сатҳ миёни устодон ва донишҷӯён баргузор мегардад. Ҳамчунин, тибқи Низомнома озмун дар ду давр – даври якум аз 26-ум то 30-юми апрел дар сатҳи факултетҳо ва даври дуюм аз 10-ум то 15-уми май миёни ғолибони даври якум дар сатҳи донишгоҳӣ гузаронида мешавад.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.
Дар озмун довталабон аз рӯйи панҷ номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср аз ҷониби ҳайати ҳакамон интихоб гардида, ба даври баъдӣ пешбарӣ мешаванд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.