Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии вазъи ҳозираи базаи моддию техникии кишоварзӣ

Баррасии вазъи ҳозираи базаи моддию техникии кишоварзӣ

Рӯзи 27-уми апрел зермаҳфили “Зеҳн”-и факултети ҳисобдорӣ ва омор бо ташаббуси кафедраи таҳлили иқтисодӣ дар мавзӯи «Ҳолати ҳозираи базаи моддию техникии кишоварзӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. 
Дар маҳфил д.и.и., профессори кафедраи ташкили истеҳсолот дар комплекси агросаноатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Раҳимбек Носиров дар мавзӯи мазкур ва профессори кафедраи таҳлили иқтисодии ДДМИТ Рустам Раҳматзода мавзӯи «Амалигардонии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баромад намуданд. 
Р.Носиров роҷеъ ба ҳолати ҳозираи базаи моддию техникии кишоварзӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи масъалаи баррасишаванда суханронӣ намуд. Профессор қайд дошт, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудккунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бисёр муҳим буда, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, аз ҷумла бунёди боғҳои интенсивӣ бояд таъмин карда шавад. 
Р.Раҳматзода зимни маърӯза оид ба иҷрои индикаторҳои барномаи миёнамуҳлати он, ки солҳои 2016-2020-ро дар бар мегирад, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамчунин, дар баромад қайд карда шуд, ки қисмате аз индикаторҳои барномаи миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 то ҳадди муайяншуда иҷро нагаштаанд ва бо мақсади иҷроиши пурраи масъалаҳои мазкур онҳо ба барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2021-2025 гузаронида шудаанд. 
Дар итмом саволу ҷавоб сурат гирифт, ки Фасеҳзода И.С., Иматшоев З.Х., Саидов Р.Н., иштирок намуда, перомуни масъалаи муҳокимашаванда нуқтаи назари худро иброз доштанд. 


Р.Саидов, котиби зермаҳфили «Зеҳн», муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ