Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши китоби “Тоҷикон” дар шинохти асолати миллӣ

Нақши китоби “Тоҷикон” дар шинохти асолати миллӣ

Рӯзи 28-уми апрел ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ байни донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани сатҳи донишу илмомӯзӣ ва маърифатнокии ҷавонон, воқиф гардидан аз таъриху фарҳанг, адабиёту маданияти бою ғании миллати тоҷик ва дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ ба камол расидани ин қишри ояндасози миллат мебошад.
Зимни маҳфил-озмун гуфта шуд, ки мутолиаи китоби “Тоҷикон” барои ҳар сокинони кишвар шарт ва зарур аст. Зеро бе огоҳӣ аз таърихи ҳаёти гузаштаи халқи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон мебошад. Ин китоб оинаи воқеии халқи тоҷик аст, ки аз даврони ориёиҳо то давраи муосир бо санаду далелҳои таърихӣ собит месозад, ки халқи тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар рушду такомули илму фарҳанги ҷаҳонӣ нақши барҷаста гузоштааст.
Дар рафти маҳфил довталабон ба суолҳои аъзои ҳакамонпосух гуфта, байни ҳам ба роҳ ёфтан ба даври баъдии озмун рақобат намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки ба таври ройгон тақсим намудани китоби “Тоҷикон” ба аҳолӣ аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста шуда, ба дарки ҳувияти миллӣ ва хештаншиносию ватандории сокинон мусоидат менамояд.