Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Истифодаи технологияҳои муосир дар таълими забони русӣ

Истифодаи технологияҳои муосир дар таълими забони русӣ

Рӯзи 29-уми апрел бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи забони русӣ семинари илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Истифодаи технологияҳои мултимедӣ ва компютерӣ дар омӯзиши забони русӣ» баргузор гардид. 
Онро сардори раёсати илм ва инноватсия Е.Мирзоева ифтитоҳ намуда, вобаста ба нақш ва истифодаи технологияҳои мултимедӣ ва компютерӣ дар омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ибрози андеша намуда, онро барои болобурди сифати таълим мусоидаткунанда хонд. 
Дар семинар забоншинос Ренат Сайфутдинов, ҷоизадори Озмуни умумҷаҳонии омӯзгорони забони русӣ, директори Маркази илмиву омӯзишии Федератсияи Россия дар назди ДДОТ, дорандаи Ордени “Дӯстии халқҳо” ва С.Тешаев, номзади илмҳои филологӣ, устоди кафедраи методикаи таълими забони русии ДДОТ дар бораи мавзӯи баррасишаванда суханронӣ намуданд. 
Гуфта шуд, ки истифодаи воситаҳои иртибот ва технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ дар тайёр кардани мутахассисон ҷои махсусро ишғол мекунад. Ҳамзамон истифодаи воситаҳои техникаи таълим ба сафарбаркунии иқтидори зеҳнии шахсият мусоидат мекунад. Алҳол низоми маориф дар тамоми ҷаҳон дар баробари зарурати истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ ва иртиботӣ қарор дорад. 
Илова гардид, ки раванди иттилоотонии таҳсилот таҳияи муносибатҳоро ба истифодаи иқтидори технологияҳои иттилоотонии таълим барои инкишофи на танҳо шахсияти донишҷӯ, балки дар онҳо ташаккул додани донишу маҳорат ва малакаҳои коркарди стратегияи ҷустуҷӯи роҳҳои муосири омӯзиши забони русиро дар раванди таълим муҳим мегардонад. Ба раванди таълим ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар ташаккули шакли усулан нави азхудкунии забон чун асос хизмат карда метавонад. 
Сипас устодон Ҷ.Махшулов ва Г.Наврузова дар маърӯза баромад намуда, роҳҳои нави таълими забони русиро бо истифода аз технологияҳои муосир пешниҳод намуданд.