Хабарҳо
Аз ҷараёни имтиҳони давлатии хатмкунандагон
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони шуъбаи ғоибонаи зинаҳои бакалавр аз санаи 26-уми апрел то 12-уми майи соли равон муайян гардидааст. Инчунин дар шуъбаи рӯзонаи зинаҳои бакалавр аз санаи 24-уми май то 18-уми июн ва дар зинаҳои магистрӣ аз 1-ум то 31 -уми июн аттестатсияи хатм ҷараён хоҳад гирифт.
Дар ин хусус, фармоиши ректор ҳанӯз аз санаи 15-уми марти соли 2021, таҳти № 25/И мутобиқи талаботи «Низомномаи аттестатсияи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Раисони комиссияи аттестатсияи хатм дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2020-2021» аз 24-уми феврали соли 2021 таҳти №241, инчунин ба мақсади ба низом даровардани тартиби баргузории аттестатсияи хатм дар зинаи бакалавр ва магистрӣ барои соли таҳсили 2020-2021, санҷиши омодагии назариявию амалӣ ва касбии хатмкунандагон ва ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ ба тасвиб расида буд.
Тибқи иттилои раёсати таълим раисони комиссияи аттестатсияи хатм мутахассисони варзидаи соҳавӣ буда, аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷалб гардидаанд. Бояд зикр намуд, ки дар донишгоҳ барои супоридани имтиҳоноти давлатии хатм ҳама шароитҳо муҳайё гардидааст. Ҳамчунин барои назорати раванди баргузории имтиҳонот комиссияи босалоҳият аз ҷониби сохторҳои таълимии донишгоҳ таъсис дода шудааст, ки шаффофияти он таъмин карда мешавад.