Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Арзёбии ҷанбаҳои худтаъминкунии озуқаворӣ

Арзёбии ҷанбаҳои худтаъминкунии озуқаворӣ

Яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Вобаста ба ин, санаи 28-уми апрел семинари «Муҳаққиқони ҷавон» баргузор гардид. 
Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм зимни оғози семинар қайд намуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ин таҳия ва амалисозии чорабиниҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва чорабиниҳои дигаре мебошанд, ки асосан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим дар сатҳи меъёрҳои муносиби илман асоснок барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва пешгирии буҳронҳои озуқаворӣ равона шудаанд. 
Дар семинар ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ М.Исайнова дар мавзӯи «Ҷанбаҳои экологӣ – иқтисодӣ ва иҷтимоии худтаъминкунии озуқавории минтақаҳо» баромад намуд. 
Ӯ зимни маърӯза гуфт, ки барои ноил шудан ба пешравиҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии наслҳои ҳозира ва оянда дар шароити камзаминӣ ва барзиёдии қувваи меҳнатӣ дар Тоҷикистон ташкили кишоварзии бехатар амри воқеӣ аст. Зеро гузариши марҳала ба марҳала, бунёди шаҳрҳои хурду миёна ва бузурги ояндадор, марказҳои саноатию истеҳсолӣ, деҳаҳои нав ва ҷойҳои истиқоматӣ дар мавзеъҳои ба кӯҳистон наздиктар, бо нигоҳ доштани ҷойҳои нотакрор ва захираҳои ғании табиат барои истифодаи самаранок дар ҳамаи фаслҳои сол бо мақсади ба даст овардани худтаъминкунии озуқавориро дар ҷумҳурӣ тақозо дорад. 
Номбурда гуфт, ки дар ин соҳа ба истифодаи усулҳои гуногун ва таҷрибаи пешқадами дигар кишварҳо таваҷҷуҳи зиёд намудан мувофиқи мақсад нест, зеро таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ танҳо марбут ба хоҷагиҳои ватанӣ мебошад. Ҳамин тариқ, таҳқиқоту таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои ташкили кишоварзии бехатар бо дарназардошти камзаминии ҷумҳурӣ ва барзиёдии захираҳои меҳнатӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гардонида, камбудиҳо аз байн бардошта шаванд. Барои ояндаро ба нақша гирифтан бояд ба ҳолати ҳозираи иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ оқилона баҳо дод. Бинобар ин, зарур аст, ки роҳҳои имконпазири барпо намудани замина барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ бо озуқавории худӣ аз ҳисоби худтаъминкунии пурраи озуқавории хоҷагиҳо, ноҳияҳо, минтақаҳо ва ҷумҳурӣ ёфта шаванд. 
Дар анҷом вобаста ба мавзӯи баррасишуда музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.