Хабарҳо
Баргузории Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯёни ДДМИТ
Бо ташаббуси Хадамоти мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Институти шабакавии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин дастгирии бевоситаи Президенти Федератсияи Россия баргузории Олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ дар соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.
Бояд қайд намуд, ки аз санаи 29 апрел то 1 май даври 1-уми Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯи самтҳои иқтисодиёт, молия ва қарз, бехатарии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, бехатарии иттилоотӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид. Ғолибони даври 1-уми олимпиада барои иштирок дар даври хотимавии Олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Олимпиадаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, пайдо намудани ҷавонони боистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодии онҳо, фаъолияти таълимӣ-омӯзишӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи бехатарии молиявӣ ва муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, рушди шахсият, мусоидат дар интихоби касбии донишҷӯён гузаронида мешавад.