Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДДМИТ аз рӯйи рейтинги Webometrics Ranking of World Universities дар ҷойи сеюм қарор гирифт

ДДМИТ аз рӯйи рейтинги Webometrics Ranking of World Universities дар ҷойи сеюм қарор гирифт

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои баланд дар рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯйи рейтинги Webometrics Ranking of World Universities (Мадрид, Испания) дар ҷойи сеюм қарор гирифт. 
Ҳамин тавр, дар байни зиёда аз 30000 донишгоҳи ҷаҳон Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар ҷойи 9717, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷойи 12258 ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҷойи 13862 ҷойгир шуда, дар рейтинги дохилии Тоҷикистон мутаносибан сазовори ҷойи 1, 2 ва 3 гаштанд. 
Webometrics Ranking of World Universities системаи глобалии рейтинги донишгоҳҳо мебошад, ки ҳадафи рейтинг баланд бардоштани ҳузури академияҳо ва институтҳои тадқиқотӣ дар интернет ва мусоидат ба нашри кушоди натиҷаҳои фаъолияти илмӣ мебошад. Рейтинг соли 2004 ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола моҳҳои январ ва июл омори навро нашр менамояд. Имрӯз он ба зиёда аз 12,000 донишгоҳҳои ҷаҳон дар саросари ҷаҳон нишондиҳандаҳои веб пешниҳод менамояд. 
Ҳамчунин ҳамасола аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешавад. Имсол дар ин рейтинг 31 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд. 
Дар рейтинг Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо гирифтани 176 хол мавқеи чандсолаи худ – ҷойи чорумро нигаҳ дошт. 
Гузаронидани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тайи солҳои охир собит менамояд, ки барои баланд гардидани нишондодҳои рейтингӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ рақобат ба назар мерасад. Ин боис мегардад, ки дар маҷмӯъ рейтинг барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси талаботи бозори меҳнат таъсири худро расонад. 
Мо бо ин дастовардҳо аҳли коллективи меҳнатии таълимгоҳ ва донишҷӯёнро муборакбод мегӯем. Бешубҳа, ин дастовардҳо натиҷаи фаъолияти пурсамари аҳли заҳмати таълимгоҳ ва роҳбари ҷавону кордони донишгоҳ, ректори муҳтарам Шукрулло Хайрзода мебошад, ки тавонистааст сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати кишвар ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷараёни таълиму тарбия, фаъолияти илмию тадқиқотӣ дар таълимгоҳ пиёда созад ва сифати онро баланд бардорад. 
Эътирофи байналмилалӣ муборак, ҳамкорони азиз! 


Шуъбаи табъу нашр