Хабарҳо
«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон
Бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ рӯзи 5 май дар ДДМИТ мизи гирд баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм, дотсент Б.Сафаров ронда, нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро дар рушд ва нумӯи таърихшиносии миллӣ ҳалкунанда арзёбӣ намуд. Мавзӯи калидии таҳқиқоти академик Бобоҷон Ғафуров таърихи халқи тоҷикро аз замонҳои қадим то давраи муосир ташкил медиҳад. Бо фарохии мавзӯи тадқиқотӣ, масъалагузорӣ ва ҳалли он дар заминаи маводҳои нодиру дасти аввал ва тадқиқоти таърихшиносии ҷаҳонӣ Б. Ғафуров имрӯз низ дар таърихнигории тоҷик мақоми аввалиндараҷаро соҳиб мебошад.
Сипас профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфуллоҳи Муллоҷон дар мавзӯи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон» маърӯза намуд. Профессор С.Муллоҷон иброз дошт, ки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ифшогари асолати миллати тоҷик буда, нақшаҳои шуми бадхоҳони миллати тоҷикро бо далелу санадҳои раднопазири илмӣ барбод дода, таъриху фарҳанг ва забони тоҷикиро наҷот додааст.
«Китоби «Тоҷикон»-и аллома Б.Ғафуров аз соли нашр зуд дар доираҳои бонуфузтарини илми ҷаҳонӣ эътироф гашта, ҳамчун як асари барҷаставу бунёдӣ дар илми таърих шинохта шуд. Дар пайравӣ ба ин асари бузург донишмандони зиёде кӯшиданд, ки китобе оид ба таърихи халқи худ биофаранд ва дар ин замина асарҳои фаровоне ба нашр расиданд, вале «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ягонаву беназир боқӣ монд. Зеро ин шоҳасар таърихи пурҳаводиси халқи тоҷикро аз аҳди бостон то ба Инқилоби Октябр дар бар мегирад ва саршор аст аз далелу арқоми раднопазир, тафсиру андешаву мулоҳизоти ҷолибу саҳеҳ, – илова дошт, С.Муллоҷон.
Шоҳасари «Тоҷикон» аз ду китоб, шаш фасл ва нуҳ боб фароҳам омадааст. Он ба дараҷае пурмуҳтавою фарогир аст, ки дар ситоишаш муҳаққиқони варзида суханҳои баланд гуфта, аз ҷумла, «шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик» номидаанд. Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон, шинохти воқеияти таърихӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон аҳамияти хеле муҳим дорад.
Ин аст, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.