Хабарҳо
Нақши созмони ҳамкории Шанхай дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон
Дар ДДМИТ бо ташаббуси факултетҳои менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ва факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “Нақши СҲШ дар рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров иброз дошт, ки тибқи муқаррароти СҲШ, соли 2021 раёсат дар созмон аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон гузашт, ки он ба санаи таърихӣ - 20-солагии таъсисёбии СҲШ рост меояд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи созмон буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад. Ин созмони бонуфуз соли 1997 дар ҳайати ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия бо номи Панҷгонаи Шанхай таъсис ёфт. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Панҷгонаи Шанхай (баъдтар Созмони ҳамкории Шанхай) басо назаррас аст.
Муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукрона Раҷабова оид ба фаъолияти созмон суханронӣ намуда, афзуд, ки новобаста аз навтаъсис будани СҲШ, тибқи ченакҳои байналмилалӣ, созмон дар давоми мавҷудияти хеш худро ҳамчун майдончаи босамари мубодилаи афкор, коркарди мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳанг сохтани нуқтаи назари гуногун нишон дод.
Ин мутахассиси соҳа илова намуд, ки самтҳои асосии фаъолияти маркази мо ин тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни давлатҳои аъзо, мусоидат ба эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, ҳамбастагӣ байни миллатҳо ва мазҳабҳо, рушди муколамаи тамаддунҳо, табодули ҳайати дуҷониба, омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ, таҳияи ташаббусҳо, ташкилу баргузории чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои таҳкими фазои дӯстона байни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилоти ҷавонон ва занони кишварҳои СҲШ, мусоидат ба рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иқтисодиёт, сайёҳӣ, ташаккули захираҳои иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО бо мақсади тавзеҳи васеи ҳадафҳо, вазифаҳо ва афзалият мебошад.
Дар идома декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Метархон Содиқов дар мавзӯи “Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ” ва доктори фалсафа - PhD Садриддин Шарипов дар мавзӯи “Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ” маърӯза намуда, гуфт, ки Тоҷикистон ният дорад, ки барои таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ кӯшиш ба харҷ диҳад.
Дар қисмати ниҳоии мизи гирд як қатор пешниҳодҳо оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо, баргузории чорабиниҳои муштарак ва лоиҳаҳо пешниҳод гардид.
Нуралӣ Раҳимзода