Хабарҳо
Бозии интерактивии донишгоҳӣ дар доираи СҲШ
Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми октябри соли 2020, вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилидавлатӣ оид ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, 7-уми май дар ДДМИТ бозии интерактивии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ доир шуд.
Бозии интерактивӣ бо ташаббуси Раёсати илм ва иннватсия дар ҳамкорӣ бо факултетҳои молия ва қарз ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ташкил гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров оғоз намуда, иброз дошт, ки ин иқдом, яъне бозии интерактивии донишгоҳӣ дар доираи 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай, ки имсол Тоҷикистон раёсати онро ба уҳда дорад, доир мегардад.
Донишҷӯёни ин факултетҳо дар симои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ маърӯзаҳои худро вобаста ба масъалаҳои гуногуни глобалӣ ва мубрами рӯз, аз ҷумла мушкилоти обшавии пиряхҳо ва истифодаи оби тозаи нӯшокӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ, норасоии оби нӯшокӣ дар ҷаҳон, тақвияти назорат дар сарҳади давлатӣ, таъмини ваксинаи коронавирус (COVID-19), принсипҳои рушди "иқтисоди сабз" ва мубориза бар зидди терроризм дар кишварҳои СҲШ баён намуда, ин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи мавзӯъҳои мазкур вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзо ва давлатҳои нозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маърӯза намуданд.
Дар итмоми бозии интерактивӣ музокира баргузор гардида, аз натиҷаи он қарор қабул карда шуд. Бо мақсади ҳавасманд гардонидан ва барои матраҳ намудани маърӯзаҳои пурмуҳтаво ба донишҷӯёни фаъол Ифтихорнома тақдим гардид.
Е. Мирзоева, сардори Раёсати илм ва инноватсия