Хабарҳо
САҲМИ ТОҶИКОН ДАР ҒАЛАБАИ ҶБВ
Бахшида ба 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) рӯзи 8-уми май дар толори конфронсии ДДМИТ бо ташаббуси факултети молия ва қарз ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ мизи мудаввар доир гардид.
Нахуст муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров чорабиниро ифтитоҳ ва меҳмони нишаст М. Ҳусейновро шинос карда, кулли ҳозиринро ба ин санаи фархунда табрику таҳният намуд.
Сипас, собиқадори ташкилоти умумироссиягии «Бародарони ҷангӣ», дотсент С. Ҳаитов зимни баромад аз лаҳзаҳои муҳорибаҳои аскарони советӣ бар зидди фашизм ёдовар гардида, зикр намуд, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз Тоҷикистон 250 ҳазор нафар ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз инҳо беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.
Дар идома ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ М. Зарипов дар мавзӯи «Саҳми тоҷикон дар таъминоти Ғалабаи ҶБВ» маърӯза намуда, афзуд, ки халқи тоҷик дар баробари дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ақибгоҳ ба фронт ёрӣ доданд ва барои пирӯзӣ саҳми назаррас гузоштанд. Сипас ассистент С. Ҳабибов дар мавзӯи «Нақши мардуми Кӯлоб дар ҶБВ» баромад намуда, аз корнамоӣ ва диловариҳои мардуми минтақаи Кӯлоби Хатлонзамин маълумот ироа кард.
Инчунин, дар рафти мизи гирд М. Ҳусейнов ва О. Шомуддинов оид ба корнамоиҳои тоҷикон дар замони ҶБВ ва нақши истиқлол дар таҳкими давлатдории тоҷикон маърӯза намуданд.
Дар фарҷом ба декани факултети молия ва қарз А. Нурализода, эдвайзер оид ба тарбияи факултети молия ва қарз М. Дембегиев ва муҳаррир-суратгири шуъбаи табъу нашр Н. Раҳимзода Сипосномаи Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии «Бародарони ҷангӣ» тақдим гардид.
Б. Муродалиева