Хабарҳо
Нақши Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ
Имрӯз, 11-уми май дар ДДМИТ бахшида ба таҷлили 110-солагии вассофи сулҳу дӯстӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мизи гирди донишгоҳӣ таҳти унвони «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.
Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм зимни оғози семинар гуфт, ки халқу миллати тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ин фарзанди фарзонаи миллат бо арҷгузорӣ ёд намуда, хизматҳои адабию фарҳангӣ ва сиёсии ӯро дар таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ, хизматҳои пурарзишаш дар равнақи адабиёти муосири тоҷик ва густариши дӯстии халқҳо ба инобат гирифта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2001 ӯро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонидааст.
Зимни мизи мудаввар профессор О.Саидҷаъфаров дар мавзӯи «Устод Турсунзода ва маҳорати шоирии ӯ», профессор Н.Аслонова дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу ваҳдат» ва дотсент С.Собирҷонов дар мавзӯи «Баъзе омилҳо ва ифодаҳои муассири ҳусни баён дар осори Мирзо Турсунзода» маърӯза намуданд.
Дар рафти баромадҳо гуфта шуд, ки Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки вассофи сулҳу дӯстӣ ва ҳамраъии мардумони озодихоҳи қораи Осиё ва Африқо буд, бо ашъори баландмазмунаш дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик саҳми бориз гузоштааст. Турсунзода ҳамчун шоири тавонои тоҷик тӯли фаъолияташ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон сафар карда, баҳри дӯстию рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде намудааст. Ашъори пурмазмун ва сулҳҷӯёнаи устод Мирзо Турсунзода ӯро ҳамчун шахсияти тарғибкунандаи ғояҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намуд ва ашъори ӯ ба авҷи аъло расид.
Ҳамчунин қайд гардид, ки тараннуми сулҳу дӯстӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавқеи муҳим дошт. Достонҳои «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Ман аз Шарқи озод» ба мавзӯи сулҳу дӯстӣ ва ҳамраъӣ бахшида шудааст. Ин аст, ки дарки амиқи мафҳуми сулҳ Мирзо Турсунзодаро то ба мартабаи Раиси Кумитаи сулҳи кишварҳои Осиё ва Африқо расонид ва ӯ мунодии сулҳи минтақаҳо ва рамзи амнияту субот дар сайёра гардид. Ҳар мисрае, ки шоир дар он сулҳро васф намудааст, имрӯз аз ҷониби мардумони сулҳдӯст чун шиори зиддиҷангӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Дар анҷом аз ҷониби донишҷӯён пораҳо аз ашъори шоир Турсунзода қироат шуданд.