Хабарҳо
Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ дар шароити муосир
Рӯзи 11 май дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дарси кушоди дотсент З.Давлатшоева дар мавзӯи “Муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир” баргузор гардид. Зимни дарс марҳилаҳои инкишофи иқтисоди миллӣ, рушди тиҷорати ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии асрорӣ, қарзӣ ва молиявӣ баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эъломи «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад. Дар марҳилаи кунунӣ принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои боафзалияти рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуд.
Ишора шуд, ки кишвари мо ба шарофати сиёсати “дарҳои боз” ҳамкории мутақобилан судмандро бо як рада созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки Авруосиёии рушд ва Бонки навтаъсиси Осиёии сармоягузории зерсохторӣ робитаи ҳамкориро вусъат додааст.
Ҳамзамон донишҷӯён вобаста ба мавзӯи баррасишуда фикру мулоҳизаҳояшонро баён доштанд.