Хабарҳо
Тарҷума ва балоғати сухан дар забони англисӣ
Рӯзи 12-уми май бо ташаббуси кафедраи забонҳори хориҷӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Тарҷума ва балоғати сухан дар забони англисӣ» баргузор гардид. Дар оғоз муовини ректор оид ба илм Б.Сафаров вобаста ба нақши устодони фанни забони англисӣ дар тарҷума ва баргардонии осорҳои илмӣ ва бадеии адабиёти ҷаҳон ба забони тоҷикӣ муҳим арзёбӣ кард.
Сипас муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналхалқии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, дотсент Шараф Раззоқӣ доир ба мавзӯи «Тарҷума ва мушкилоти он дар шароити ҷаҳонишавӣ» маърӯза намуд. Мавсуф зимни баромад гуфт, ки забони англисӣ яке аз забонҳои маъмул ва мондагори олам маҳсуб ёфта, дар раванди ҷаҳонишавии ҷомеа нақши беандоза калон дорад. Мақсади асосии таълими забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ истифодаи амалии он мебошад, то ки забон чун воситаи муошират аз худ гардад ва маҳорати зарурӣ барои бомуваффақият ёд гирифтани забон ба даст ояд. Инчунин, дар ин самт масъалаи муҳимми пайвастани забонҳои ҷаҳон бо роҳи тарҷумаи осори илмӣ ва адабӣ ба вуҷуд омадааст. Дар шароити муосири илмии ҷаҳони пешрафта нақши тарҷумонон дар баҳамоии забонҳои қавмҳои гуногун бориз мебошад. Ҳадафи асосии омӯзиши забони англисиро маърӯзачӣ баланд бардоштани савияи забондонӣ, инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттӣ номид.
Дар музокира дотсент Н.Туйғунов зикр намуд, ки дар илми тарҷума метод ва усулҳои гуногунро пешниҳод мекунанд, ки онҳо дар тарҷумаи асарҳои бадеӣ фаровон истифода мешаванд. Маълум аст, ки усулҳои гуногуни тарҷумаи ҷумлаҳо вобаста аз мутарҷимон истифода мешаванд. Дар аксар маврид мушоҳида кардан мумкин аст, ки усулҳои конкретикунонӣ, куллгӯӣ, васеъ намудани маъно ҳангоми тарҷума, истифодаи инверсия, истифодаи шакли фоил ба ҷои шакли мафъул, компрессия, тарҷумаи антонимӣ ва дигар роҳҳои маъмул кор фармуда мешаванд. Аз ин нукта ибораҳои фразеологӣ, ибораҳои рехта, вожаҳои гуногуни забон, ки дар тарҷума эквивалент надоранд, қолабҳои муайяни тарҷумаро доранд. Яъне, онҳоро дар тарҷума бо роҳу қолабҳои муайян тарҷума кардан мумкин аст, ки ҳамин паҳлӯи онҳо яке аз ҳадафҳои асосии кор мебошад.
Ҳамзамон, зимни суолу ҷавоб мушкилоти тарҷумаҳои илмӣ ва бадеӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.