Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Татбиқи «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон

Татбиқи «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониашон пайваста таъкид мекунанд, ки раванди тағйирёбии иқлим ва торафт осебпазир гардидани кишварҳоямонро аз пайомадҳои офатҳои табиии вобаста ба об доимо дар мадди назар дошта бошем. Ҳамзамон, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии мо ва манбаъҳои таҷдидшавандаи он метавонанд омили пуриқтидори рушди «иқтисоди сабз» ва аз лиҳози экологӣ тоза, пешрафти саноат, гарави таъмини амнияти энергетикӣ ва тараққиёти устувори иқтисодии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ гардад. 
Вобаста ба ин мавзӯъ рӯзи 15 май дар донишгоҳ маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ» дар мавзӯи «Иқтисоди сабз ва татбиқи он дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегӣ» баргузор гардид. 
Онро ректори таълимгоҳ Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки барои зиндамонӣ ва рушди инсоният гузариш ба «иқтисоди сабз» зарур аст, зеро ин низоми фаъолияти иқтисодӣ буда, ба истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли молҳою хизматрасоние вобаста мебошад, ки боиси беҳтар намудани некуаҳволии мардум дар ояндаи дарозмуддат мегардад ва наслҳои оянда зери таъсири хатару хавфҳои муҳити зист ё норасоии экологӣ қарор намегиранд. 
is401.jpgСипас муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дар мавзӯи мавриди назар маърӯза намуд. Мавсуф қайд намуд, ки «иқтисоди сабз» шакли нави рушди иқтисодӣ мебошад, ки дар заминаи технологияи коркарди аз ҷиҳати экологӣ тозаи маҳсулот пайдо шуда, ба баландбардории сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад ва тавозуни рушди иқтисодию беҳдошти муҳити зистро нигоҳ медорад. Иқтисодиёти анъанавӣ бошад, ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба муҳити зист таъсири зиёди манфӣ мерасонад. 
Солеҳзода А.А. илова дошт, ки зарурати коркарди модели нави рушди иқтисодӣ, яъне «иқтисоди сабз»-ро афзудани хатарҳои экологӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зист ба миён овард. Мақсад ва вазифаҳои чунин шакли хоҷагидорӣ дар барномаҳои СММ оид ба гузариш ба «иқтисоди сабз» («green economy») ва «рушди сабз» («green growth») пешниҳод гардидаанд ва он зарурати мутобиқгардонии шакли хоҷагидориро ба самти коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ифода менамояд. 
Дар ин радиф шаклҳои алтернативии знергияи барқароршаванда (обӣ, офтобӣ, шамолӣ), нақлиёти бо қувваи барқ ҳаракаткунанда, сӯзишвории биологӣ ва ғайраро мисол овардан мумкин аст. Тайи даҳсолаҳои охир мавзӯи «иқтисоди сабз» натанҳо аз ҷониби олимону мутахассисони экологии соҳаи иқтисодиёт, балки дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ва роҳбарони сатҳҳои гуногуни давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. 
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои татбиқи принсипҳои иқтисодиёти “сабз” дар Тоҷикистон истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба роҳ монда шудааст ва дар ин самт сармоягузориҳо сурат гирифта истодаанд. Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаи истифодаи захираи истеҳсоли «энергияи сабз» дар ҷаҳон ҷойи 6-умро ишғол мекунад, ки дар кишвар 98 фоизи неруи барқ дар неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол карда мешавад. Истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи «энергияи сабз» ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд. 
Зимни музокира устодон Б.Сафаров ва С.Маъдиев вобаста ба роҳҳои татбиқ ва гузариш ба «иқтисоди сабз» фикру мулоҳизаронӣ намуданд. 


Раҳимзода Н.