Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иштироки ДДМИТ дар Дави миллӣ

Иштироки ДДМИТ дар Дави миллӣ

Рӯзи 16-уми май дар ҷумҳурӣ 14-умин Дави миллӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар шаҳри Душанбе беш аз 43000 нафар дар ин тадбири саломатӣ ширкат карданд. 
Мақсад аз баргузории чорабинӣ таъмини оммавияти варзиш байни сокинон, саломатии аҳолӣ ва рушди варзиш мебошад. Чун анъана, иштирокчиёни Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе дар масири маҳаллаи Чорбоғ – Наврӯзгоҳ, ки масофаи 10 километрро ташкил медиҳад, давиданд. 
Дар Дави миллӣ ҳайати роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ, дар умум зиёда аз 2000 нафар фаъолона ширкат варзиданд. Бояд гуфт, ки дар донишгоҳ барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар самти варзиш клуби варзишгарон фаъолият менамояд, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни варзишгарро фаро гирифтааст. Ҳамчунин ҳамасола варзишгарони ДДМИТ аз ҳисоби донишҷӯён ва устодони варзишгар дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. 
Ёдовар бояд шуд, ки Дави миллӣ бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, № 255 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2021, №26/10-17 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 295 ҳазор нафар фаъолона ширкат варзиданд.