Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарсҳо дар шакли бозии корӣ баргузор мегарданд

Дарсҳо дар шакли бозии корӣ баргузор мегарданд

Бо ташаббуси кафедраи менеҷмент ва факултети молия ва қарз ҷиҳати аз бар намудани донишҳои амалӣ, андухтани таҷриба дар самти омода намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ дар гурӯҳи махсус, ки бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ таъсис шуда буд, дарсҳо дар шакли бозии корӣ баргузор мегарданд. Дар дарси навбати лоиҳаи инноватсионии донишҷӯи курси 3, ихтисоси молия Умарҷон Зикруллоев дар мавзӯи “Коркарди оби нӯшокии ташнашикан - Пудиначой” муаррифӣ ва мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Зимни муаррифӣ У.Зикруллоев гуфт, ки табиати Тоҷикистон дорои гиёҳҳои хушсифати табобатӣ мебошад, ки истифодаи самараноки онҳо аз лиҳози экологӣ, тандурӯстӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ манфиатовар мебошанд. Аз зумраи яке аз он гиёҳҳо - “пудина” мебошад, ки дар илми тиб, саноат ва ороишот васеъ истифода бурда мешавад. Муаррифкунанда илова дошт, ки мо кушиш намудем, ки бо таҳияи як лоиҳаи инноватсионӣ коркард ва аз он истеҳсоли оби нӯшокии ташнашиканро роҳандозӣ намоем. 
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ба ин шакли маҳсулот ҳоло дар бозор талабот зиёд буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ ва молиявӣ манфиатнок мебошад. Ҳамзамон зимни муаррифии лоиҳаи мазкур бартариятҳо ва паҳлӯҳои гуногунӣ лоиҳа баррасӣ гардида, имкониятҳои тадбиқшавии он мавриди омӯзиш қарор гирифт. Қайд гардид, ки дар доираи парки пехнологии донишгоҳ тадбиқ намудани ин гуна лоиҳаҳои хурду миёна имконпазир буда, барои муаррифии маҳсулоти ин марказ нақши босазо мегузорад. 


Д.Хоҷазода, мудири кафедраи менеҷмент