Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор карда шавад. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди адиб дар кафедраи забони тоҷикӣ таҳти унвони «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…» маҳфили илмӣ баргузор гардид. 
Дар маҳфил муаллими калони кафедра С.Муҳаммадиева дар бораи фаъолияту эҷодиёти шоири зиндаёд устод Мирзо Турсунзода ибрози андеша намуда, қайд кард, ки саҳифаҳои асосии эҷодиёти устод Турсунзодаро мавзӯъҳои тараннуму васфи Ватан ва сулҳу дӯстӣ дар бар мегирад. 
Инчунин, дар идома аз ҷониби толибилмони донишгоҳ шеъру достонҳои «Ҷони ширин», «Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё» ва «Байрақи зафар» қироат гардиданд.