Хабарҳо
Ҷараёни имтиҳоноти сессияи тобистона дар ДДМИТ
Имтиҳоноти сессияи тобистонаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳафтаи ҷорӣ оғоз гардид. Тибқи иттилои раёсати таълим оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани сессияи имтиҳонҳои тобистонаи соли таҳсили 2020-2021 барои донишҷӯён ва магистрантони шуъбаи рӯзона фармоиши ректор аз 26-уми апрели соли 2021 таҳти рақами №852/д-И ба тавсиб расидааст. Тибқи фармоиш барои магистрантон ва донишҷӯёни курсҳои 1, 2, 3 – юми низоми кредитии таҳсилот давраи баргузории имтиҳонҳо то 10-уми июни соли равон муқаррар карда шудааст.
Машғулиятҳо ва қабули имтиҳонҳои даври иловагӣ (триместр) барои магистрантони курси 1 ва донишҷӯёни курсҳои 1, 2, 3 аз 11-ум то 19-уми июн дар ҳузури комиссияи имтиҳонӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин, бо мақсади шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳонҳои ҷорӣ аз ҳисоби муовинони ректор, кормандони раёсати таълим ва маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотӣ ситоди донишгоҳӣ таъсис дода шудааст. Илова ба ин, бо мақсади таъмини шаффофият ва воқеъбинона ташкил ва гузаронидани сессия комиссияи апеллятсионӣ таъсис ёфтааст.
Маврид ба зикр аст, ки сессияи тобистона дар се нуқтаи имтиҳонсупории маркази тестии донишгоҳ ба роҳ монда шудаанд.
Бояд гуфт, ки даври таътили тобистона барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2, 3 ва магистрантони курси 1 аз 11.06 то 31.08.2021 муайян шудааст.