Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Асосҳои моликияти зеҳнӣ

Асосҳои моликияти зеҳнӣ

Рӯзи 18-уми май семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» барои донишҷӯён, аспирантон, унвонҷӯён ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» гузаронида шуд. 
Дар семинар-машварат сармутахассиси Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатӣ С.Шарифов, сармутахассиси Раёсати бақайдгирии миллии тамғаҳои молӣ Ф.Саидқадамова, саркитобдори шуъбаи маркетинг ва рушди Китобхонаи давлатии патентию техникӣ З.Салимзода ва мутахассиси пешбари Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ ва қисми махсус Б.Муҳиддинзода вобаста ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ таҳти унвони “Рушди босуръати тиҷорати хурдро дастгирӣ мекунем” андешаронӣ намуданд. 
Зимни баромадҳо гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар яке аз роҳҳои рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби афроди лаёқатмандро ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа таъкид менамоянд. Бо истифода аз имкониятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, ширкатҳои хусусӣ, олимону ихтироъкорон бояд мунтазам бо роҳи татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолот, кашфиёту ихтирооти нав анҷомдода, усулҳои инноватсионии техника ва технологияҳои муосирро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷорӣ намоянд. 
Ҳамчунин қайд гардид, ки маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ бо назардошти ҳолати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2018 бо ҷамъоварии матни пурра ва иқтибос аз баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ омода карда шуда, барои истифода ба доираи васеи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ, судӣ, адлия, прокуратура, таҳқиқ, тафтишот, субъектони соҳаи моликияти зеҳнӣ, инчунин устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва дигар шахсони манфиатдор дастрас гардидааст. 
Дар фарҷом музорика ва саволу ҷавоб вобаста ба моликияти зеҳнӣ сурат гирифт. 


И.Сафаров, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия