Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии асосҳои назариявӣ-методологии аудити бахши давлатӣ

Баррасии асосҳои назариявӣ-методологии аудити бахши давлатӣ

Рӯзи 20-уми май семинари илмӣ-амалии донишгоҳии кафедраи аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор дар мавзӯи «Асосҳои назариявӣ-методологии аудити бахши давлатӣ» баргузор гардид. 
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм Б.Сафаров ҳозиринро бо сатҳи мубрамияти мавзӯи семинар дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, саҳми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар самти ташкилу баргузории чорабиниҳои илмӣ ва дар ин замина татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноилгардӣ ба ҳадафҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, алалхусус аудити бахши давлатӣ назаррас ҳисобид. 
Сипас сардори Департаменти молиявии ҶДММ “БАРС-консалтинг” Олим Абдувоҳидзода роҷеъ ба масъалаи асосҳои назариявӣ-методологии аудити бахши давлатӣ гузориш дода, қайд намуд, ки дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон методологияи аудити бахши давлатӣ дар заминаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ коркард шудааст. Аммо дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ бунёди назарияи муосири аудити бахши давлатӣ ва такмили методологияи он зарур аст. 
Маърузачӣ дар такя ба нишондодҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки бо мақсади танзими муносибатҳо дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти назоратӣ бояд барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ чораҳои бетаъхир андешанд. 
Дар қисмати ҷамъбастӣ музокира сурат гирифт, ки дар рафти он устодон Б.Сафаров, О.Абдувоҳидзода, Ё.Тилабов, П.Орзуев, Р.Саидов иштирок намуда, оид ба масъалаи муҳикимашаванда ибрози назар карданд. 


Саидов Р.Н., муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети ҳисобдорӣ ва омор