Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пешвои миллат – ҳомӣ ва роҳнамои ҷавонон

Пешвои миллат – ҳомӣ ва роҳнамои ҷавонон

Рӯзи 21 май Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» мизи мудаввар таҳти унвони «Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон» баргузор гардид. Дар кори мизи гирд раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., намояндаи Вазорати молия Камолзода И.Р., муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ Абдуалимзода Ҳ.А. ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд. 
З.Файзуллозода зимни баромад зикр намуд, ки дар шароити кунунии кишвари соҳибистиқлоламон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ, созандагию бунёдкорӣ ва вусъати тоза бахшидан ба раванди сиёсати давлатии онҳо яке аз омилҳои асосии таҳкими истиқлолияти комил ва самти муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба шумор рафта, ҷавонон бидуни доштани ин арзишҳо наметавонанд фарзандони арзандаи миллат ва ворисони сазовори меҳану номбардори ниёгони хеш бошанд. 
Дар идома И.Камолзода сухан ронда, нахуст кулли ҷавононро ба муносибати «Рӯзи ҷавонон» табрик намуда, қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии мамлакат соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон кард. Ин иқдом ба таҳкими бештари нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои онҳо мусоидат намуд. 
Баъдан сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А.Давлатзода таассуроти худро аз вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат иброз намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон мамлакати ҷавон аст, чунин аст ва аз рӯйи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 - сола ташкил медиҳанд. Инчунин, ёдовар гардид, ки мо насли хушбахтем ва дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. 
Сипас эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес Ҷ.Халифазода баромад намуда, қайд кард, ки мо ҷавонон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи сарвари давлат қарор дорем ва ин боиси ифтихори мост, ки дар мамлакат ҳамасола 23 май «Рӯзи ҷавонон» таҷлил карда мешавад. 
Дар фарҷом Ҳ.Абдуалимзода ҳозиринро ба ин санаи фархунда таҳният намуда, маҳфили мизи мудавварро ҷамъбаст намуд.