Хабарҳо
Ҷавонон ва низоми бонкдорӣ
Рӯзи 22-уми май дар ДДМИТ мутахассисони шуъбаи рушди кадрҳои идораи рушди кадрҳо ва хоҷагидории ҶСК “Алиф бонк” Бону Бобоева ва Майрам Дӯстова дар маҳфили навбатии “Зеҳн”-и факултети молия ва қарз иштирок намуда, вобаста ба сиёсати кадрӣ ва фаъолияти корӣ дар ин ташкилот маълумот доданд.
Дар оғози маҳфил декани факултети молия ва қарз, дотсент Амрулло Нурализода гуфт, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат - баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад.
А. Нурализода илова дошт, ки низоми молияву бонкии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳимми рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон бояд ба афзалиятҳои кишвар ва ба манфиати ҷомеа равона шудааст.
Дар идома мутахассис Бону Бобоева аз суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҶСК “Алиф бонк” соли 2014 ҳамчун як ташкилоти қарзии хурд таъсис дода шуд. Сарфи назар аз ҳама хавфҳо, бо назардошти омода набудани бахши бонкӣ ва тамоми ҷомеа, ширкат маҳсулоти нави "Befoiz-0%"-ро ҷорӣ кард ва ба такмил додани он шурӯъ кард. Талабот ба ин ва дигар маҳсулоти бонк ба ташкилот имконият дод, ки он бо суръати баланд рушд кунад. Далели ин он аст, ки Алиф дар тӯли 7 сол шумораи кормандонашро 200 маротиба зиёд кардааст.
Мутахассиси бонк, ҳамчунин илова намуд, ки дар ҳоли ҳозир, дар “Алиф бонк” дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 620 кору фаъолият мекунанд. Илова гардид, ки принсипи “Алиф бонк” меритократияи категорист - дар интихоби сатҳи иҷтимоӣ аҳамият дода намешавад, танҳо қобилияти шахс муҳим аст. Мо ҳар ҳафта барои баланд бардоштани малака байни кормандон тренингҳои омӯзишӣ мегузаронем.
Сипас мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ Ғиёсиддин Ғафуров оид ба фаъолияти бонки мазкур ва ҳамкории доимӣ бо ташкилотҳои бонкӣ ибрози андеша намуд. Номбурда таъкид дошт, ки “Алиф бонк” метавонад дар доираи меъёрҳои тибқи қонунгузории амалкунанда амалиётҳои бонкиро бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ анҷом диҳад.
Дар фарҷом донишҷӯён вобаста ба шароити кор ва сиёсати кадрии бонк бо мутахассис суолу ҷавоб намуданд.